Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Кобул


Рӯзи сешанбе дар ҳузури руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомиди Карзай бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Кобул ифтитоҳ шуд. Бинои нави сафорат дар майдони 1 ҳектар дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахти Афғонистон қомат афрохтааст.
Сафоратхона аз як сохтмони дуқабатаи маъмурӣ ва як сохтмони сеқабатаи маскунӣ барои ходимонаш иборат буда, дорои маҷлисгоҳ ва консулхона ҳам ҳаст.
Эмомалӣ Раҳмон ахиран ба Афғонистон сафари дурӯзаи расмӣ анҷом дод.
XS
SM
MD
LG