Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи писари додситони кулл ба додгоҳ меравад


Таҳқиқи парвандаи Файзуллоҳ Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва фарзанди собиқ додситони кулл Бобоҷон Бобохонов, ба анҷом расида, ба зудӣ ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд. Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо эълони ин хабар гуфт, Файзуллоҳ Бобохонов дар 14 маврид ба ришвагирӣ, сӯъиистифода аз мақом ва қаллобӣ муттаҳам мешавад. Файзуллоҳ Бобохонов дар замони додситони кулли Тоҷикистон будани падараш тайи 5 сол додситони ноҳияи Ҳисор буд. Ӯ баҳори имсол аз мақом сабукдӯш ва дар моҳи июл боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG