Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Карзай бар рушди ҳамкориҳо таъкид карданд


Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай дар Кобул мувофиқатномаи ҳамкории дуҷонибаро имзо карданд. Мақомоти дигари ин ду кишвар дар бахшҳои фарҳангӣ, энержӣ, танзими об, транзит ва меъёрҳои стандарт қарордодҳои дигар ба имзо расонданд. Баъд аз имзои ин аснод раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар афзоиши ҳамлу нақли колоҳои транзитии миёни Афғонистону Тоҷикистон таъкид кард. Оқои Раҳмон гуфт, ҳар ду кишвар дар марзҳои худ мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бар зидди терроризмро тақвият бахшидаанд. Оқои Карзай ба аҳамияти роҳҳо ва пулҳои сохташудаи миёни ин ду кишвар дар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид кард.
XS
SM
MD
LG