Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай эътироф кард, ки аз Эрон пул мегирифтааст


Президент Ҳомид Карзай эътироф кардааст, ки раиси дафтари вай аз Эрон пул мегирифт ва ин пулҳо ошкор ва ба таври кӯмак дарёфт мешуд. Оқои Карзай ин суханонро дар посух ба суоли хабарнигори New York Times дар нишасти хабариии муштарак бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст.
Карзай гуфт:

"Мо дар ивази ин равобитамон ва ҳамин гуна дар муносиботи байниҳамсоягӣ бисёр чизҳо дархост кардаем ва он давом хоҳад кард ва мо ҳамчунин аз Эрон пули нақд кӯмак хоҳем хост".


Ин пулҳоро Умар Довудзай-раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ аз сафири Эрон дар Афғонистон мегирифтааст, то Кобул аз манофеи Эрон дар Афғонистон ҳимоят кунад. Карзай афзуд, Эрон ба дафтари вай ҳар сол аз 700 000 то 975 000 доллар барои махориҷи раёсати ҷумҳурӣ кӯмак мекард.
XS
SM
MD
LG