Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии дипломати аршади СММ дар Кобул


Фиристодаи хоси СММ дар Афғонистон гуфт, ӯ ба талошҳо ҷиҳати аз роҳи музокирот поён додан ба ҷанги Афғонистон, ки ба бовари ӯ, роҳи ҳалли низомӣ надорад, кумак хоҳад кард, вале вориди баҳси тарафҳо нахоҳад шуд. Стефан де Мистура гуфт, ба назари ӯ, роҳи ҳалли ҷанг дар ҳоли маълум шудан аст, вале сахттарин мароҳили ҳар навъ музокирот мароҳили ниҳоии он аст. Ба раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай хеле боз гуфтугӯ бо Толибонро машварат медоданд. Ӯ мегӯяд, ки давлаташ бо чирикиҳои толиб тамосҳои муқаддамотие гирифтааст. Акнун ки ҷанги Афғонистон вориди соли даҳумаш мешавад, мақомоти Афғонистону Амрико ва НАТО ҳарчӣ бештар рӯи роҳҳои хуруҷ аз ин ҷанг тавассути музокирот меандешанд. Толибон аммо музокиротро таблиғот хонда, радд мекунанд.
XS
SM
MD
LG