Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ба марзи Юнон марзбон мефиристад


ИА гуфт, барои кумак дар роҳи ҷилавгирӣ аз мавҷи афзояндаи муҳоҷирони ғайриқонуние, ки худро аз роҳи Туркия ба ИА мезананд, як гурӯҳи мақомоти марзбониашро ба Юнон мефиристад. Куммиссиюни Аврупо гуфт, ин гурӯҳи зудамали марбут ба FRONTEX, Ожонси марзбонии ИА, бо дархости давлати Юнон дар марз бо Туркия мустақар хоҳад шуд.
Гурӯҳи зудамали марзбонӣ дар ИА соли 2007 таъсис ёфта буд, вале аз он барои бори аввал истифода мешавад.
Куммисари умури дохилии ИА Сисилия Малмстром гуфт, мавҷи мардуме, ки аз Туркия ба Юнон мерезад, ҳолати фавқулодда гирифта, Юнон яқинан наметавонад ба вазъи пешомада дар марзҳояш дар танҳоӣ расидагӣ кунад.
XS
SM
MD
LG