Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ва Бердимуҳаммадов ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар ҷараёни боздид аз Туркманистон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури ин кишвар дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи энержӣ гуфтугӯ мекунад. Медведев, ки рӯзи панҷшанбе барои музокира вориди шаҳри Туркманбошӣ воқеъ дар каронаи Дарёи Хазар шуда буд, гуфт, барои вай ҳамеша ҷои хушҳолист, ки аз ин кишвар боздид кунад ва дар бораи роҳҳои густариши муносиботи дӯстонаи миёни Русияву Туркманистон табодули ақида намояд. Замоне бештари гази Туркманистон ба Русия содир мешуд, вале ҳоло ин кишвар барои раҳоӣ аз пойбандии Русия дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидорони дигарро меҷӯяд. Аз соли 2008, яъне аз замони ба раёсат расидани Медведев то ҳол ин чаҳорумин боздидаш аз Туркманистон аст.
XS
SM
MD
LG