Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табассуми садафӣ


Дар назди оина дандонҳои худро аз назар гузаронидм ва пас аз се сол нимтабассумҳо бо даҳони пур хандидам. Акнун он холигие, ки ҳини табассум кардан намудор мешуд, дар зери дандони зебои садафӣ пинҳон аст.

Зоҳиран дандонҳои садафӣ қариб аз дандонҳои аслиам фарқ намекунад, аммо барои ман онҳо ҳамоно бегонаанд ва ёди дандонҳои худамро меоранд, ки бо иштибоҳи як дандонпизишк канда партофта шуданд. Иштибоҳе, ки тайи се сол маро аз хандаи озод маҳрум кард ва боиси хароҷоти зиёди молии ман шуд.

Бо дандонҳои нави садафӣ бори дигар табассум кардам ва пеши назарам манзараи табобат ва кандани дандонам омад, ки се сол пеш сурат гирифта буд. Он рӯз ба рухсатии меҳнатӣ баромадам будам ва қарор додам, дандонҳоямро табобат кунам. Аммо он шабу рӯз дандонҳоям аслан дард намекард. Танҳо як бари дандонам каме шикаста буд.

Ба назди духтуре рафтам, ки як дӯстам тавсия дод. Баробари ташхиси даҳонҳо духтур гуфт, «Ин қадар ҷавону даҳонаш холӣ...». Баъд ба табобати дандонҳо шурӯъ кард. Ӯ қарор кард, ки 10 дандонамро, ки доғ доштанд, бо пломба маҳкам ва як дандони пешамро комилан решакан кунад. Мустаҳкамии пломбаҳо як сол кафолат дода мешуд.

Ҳамин тавр духтур нӯҳ дандонамро сурох кард ва бо пломбаҳои таърифӣ маҳкам намуд. Аммо барои плобарезӣ кардан дандони даҳум, ки курсӣ буд, ҳеҷ омода намешуд. Дарди дандон тайи ду ҳафта идома кард ва ба чашмам таъсир расонд. Духтур баъди муоинаи рентгенӣ хулоса баровард, ки дандонам пӯсида аст ва агар онро решакан накунад, баъди як сол бояд ҷарроҳӣ шавад. Ба хотири пешгирӣ аз ҷарроҳӣ ба кандани дандон розӣ шудам.

Дандонканӣ ё шалғамканӣ?

Духтур, ки зан буд, дандонро канда натавонист ва ба мисли афсонаи русии «Муйсафед ва шалғам» дугонаашро ба кӯмак даъват кард. Дугона боз як ҳамшираи шафқатро. Ҳамин тавр 5 нафар ҷамъ шуданд.

Зимнан як лаҳзаи дигар ба ёдам омад. Вақте ман бо даҳони пур аз хун рӯи курсӣ менишастам, шавҳари духтур ба телефони мобилаш занг зад. Духтур дар як даст анбур дандони маро мекофт ва дар дасти дигар бо телефони мобил бо шавҳараш сӯҳбат мекард. Он лаҳза фикр мекардам, ки ин беҳтарин навори реклама барои ширкатҳои хадамоти мобилӣ хоҳад буд, ки муштариён дар лаҳзаҳои пурмасъул низ наметавонанд аз телефони мобил ҷудо шаванд.

Хулоса панҷ ё чор нафар коре карда натавонистанд ва як марди азимҷуссаро ба кӯмак хостанд. Ин пизишк зонуяшро ба қафаси синаам гузошт ва бо ду даст анбурро дошта дандонамро мекашид, ду нафар зан сарамро медоштанд. Фикр кардам, ҷоғамро бо дандон берун мебароранд. Духтури мард дандонамро канд ва ба рӯйи лаганди оҳанин партофт. Садои бархурдани дандон ба лаганд маро ба худ овард, нигарам дандонам ба дандони бемор монанд набуд.

Ин лаҳза рангу рӯяш парид ва ӯ ба дугонааш нимовоз сухане гуфт ва ман онро шунидам. Ӯ мегуфт, «иии, ин дандон чор реша доштааст. Ман фикр кардам, ки се реша дорад ва асабро дар се реша кушта будам».

Даҳони нимахолӣ ва дандонҳои пурсурох

Баъди ин амалиёт ман се рӯз бо ҳарорати баланд бистарӣ шудам. Пломбаҳои гузошта низ як-як парида рафтанд ва дар ҷойи худ сӯрохиҳои калонро гузоштанд. Ана ҳамон лаҳза воқеъан даҳони ман ба гуфти он духтур монанд шуд - холӣ ва пурсурох.

Дигар кор аз кор гузашта буд, барои «пломба» ё сурохии ҳар дандонам 80-сомонӣ пардохт карда будам. Духтур бори дигар ба дандонҳоям пломба гузошт, аммо бори дуввум ҳам парида рафтанд.

Баъдан ба клиникаи «Евродент» рафтам. Дар онҷо маро ба духтури ҷавон, ки номашро Бердӣ муаррифӣ кард, номнавис карданд. Бердӣ ба табобати дандонҳоям шурӯъ кард ва моҳирона ҳамаи сӯрохиҳоро пур кард ва ҳатто дар шакли дандон. Ӯ аз санъати рассомии дандонпизишкӣ истифода мекардааст. То ба ин клиника муроҷиат кардан як дандонам, ки пломбааш парида рафта буд, шикаст ва нимаш монда буд ва ӯ аз ҳамон ним дандон як дандони пурра сохт.

Ҳамон лаҳза дилам ба ҳар ду дандонам сӯхт, зеро дидам, ки имкони ҳифз кардани ҳатто ними дандон ё дандони курсии сӯрох низ будааст. Чунки ба ҳар сурат дандонҳои худӣ беҳтар аз ҳама дандонҳои сунъиянд ва ҳар кас бояд то ҳадди охир дандонҳояшро нигоҳ дорад ва аз онҳо истифода барад. Пломбаҳои ин навбат гузоштаам ду сол аст побарҷоянд ва мушкиле эҷод намекунанд.

Имрӯз дандони нав гузоштам, аммо барои пурра кардани иштибоҳи духтури аввалиам ду дандони атрофи он қурбон шуд. Барои садаф кардан ду дандони атрофро бо сӯян борик карданд. Акнун онҳо ба хотири пурра будани даҳонам маҷбуранд тамоми умр дар дохили қолабу семент бошанд. Аммо ман ин қурбонии онҳоро қадр хоҳам кард ва онҳоро аз дандонҳои садафӣ, ки дар рӯяшон аст, бо ҳамон шакли борику аррашуда дӯсташон медорам.
XS
SM
MD
LG