Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз талоши фирори 2 маҳбус дар Хуҷанд


Вазири адлияи Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров гуфт, ба дунболи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи кумитаи амният дар таърихи 23 август аз талоши фирор боз 2 маҳбус аз маҳбаси марбут ба вазорати адлия дар Хуҷанд низ ҷилавгирӣ кардаанд. Бахтиёр Худоёров гуфт, феълан ҷиҳати таъмини ҳифозати боздоштгоҳҳову маҳбасҳо тадобири изофӣ андешида шудааст. Оқои Худоёров гуфт, дар ин авохир дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Хоруғ боздоштгоҳҳои нав сохта шуда, шароити нигоҳдории боздоштшудагон беҳтар шудааст.
Вазири адлия ҳамчунин гуфт, сохтмони як маҳбаси вижа барои онҳое, ки ба ҳабси умрбод маҳкум шудаанд, оғоз ёфтааст.
Дар Тоҷикистон рӯи ҳукми қатл мораторий ҷорӣ шудааст ва ба ин далел, ҷазои олӣ дар ин кишвар ҳабси умрбод мебошад.
XS
SM
MD
LG