Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавес ва Аҳмадинажод низоми ҷаҳонро тағйир доданианд


Руасои ҷумҳуриҳои Венесуэла ва Эрон гуфтанд, онҳо барои истиқрори "низоми нави ҷаҳони"-е талош хоҳанд кард, ки дар он кишварҳои ғарбӣ дар ҳалли мушкилоти олам нақши калидӣ нахоҳанд дошт. Ин изҳорот баъд аз анҷоми музокироти Уго Чавес ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар Теҳрон нашр шуд. Онҳо ҳамчунин эълом доштанд, ки ба ҳамкории стратегии ду кишвар вусъат мебахшанд. Дар ҷараёни сафари Уго Чавес ба Теҳрон созишҳо дар бораи ҳамкориҳо дар бахши энерҷӣ ва тиҷорат имзо шуданд. Уго Чавес ва Маҳмуди Аҳмадинажод сиёсати Амрикоро танқид карданд.
Уго Чавес дар ҷараёни сафари тулонии хориҷияш аллакай аз Русия, Белорус ва Украина дидан кардааст. Баъд аз хатми сафараш ба Эрон ӯ ба Сурия меравад ва сипас озими Либия ва Португалия хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG