Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китоб дар бораи кӯдакии Назарбоев муаррифӣ шуд


Дар Алмаато китоби наве дар бораи овони кӯдакии Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон муаррифӣ шудааст. Садуақас Йесимбай-муаллифи китоби "Ушқонур-гаҳвораи тиллоии ман" дар ҳамсоягии хонаводаи Назарбоевҳо ба камол расидааст ва дар мактаби деҳи Ушқонур таҳсил кардааст, дар мактабе, ки Нурсултон дарс хондааст. Китоб ба ибтикори ҳизби Нур-Отани раиси ҷумҳур навишта шудааст. Дар ин рӯзҳо дар бораи кӯдакии Назарбоев дар зодгоҳи вай филме низ бо номи "Осмони кӯдакии ман" наворбардоӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG