Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳҳоров:Гунаҳгоронро қонун муайян мекунад


Абдураҳим Қаҳҳоров-вазири дохилаи Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, гунаҳкор будан ё набудани Мирзохӯҷа Аҳмадов собит нашудааст. Вай афзуд, дар куштори сарбозони вазорати дифоъ чанд гурӯҳ муттаҳам мешаванд ва тафтишот мизони ҷурми онҳоро муайян мекунад. Оқои Қаҳҳоров гуфт, бар асоси қонунҳои мавҷуда омоли ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ таҳқиқ мешавад ва агар дар ҷинояте даст надоранд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд. Вай афзуд, аз ҷайби яке аз 7 ҷангиёни кушташуда дар водии Рашт шиносномаи русӣ пайдо шудааст, ки ба шаҳрванди Русия Равил Сайфуллин тааллуқ дорад.
XS
SM
MD
LG