Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Урдун дар таҳияи ҳамла айбдор шуд


Дар ИМА як шаҳрванди Урдун бо иттиҳоми таҳия кардани ҳамлаи террористӣ барои 24 сол маҳкум ба зиндон шуд. Хусам Смадӣ соли гузашта мехост бинои 60-қабата дар шаҳри Далласи аёлати Техасро тарконад. Ба ин хотир ӯ дар таҳхонаи бино мошини боркаши, аз нигоҳи худаш, ҳомили маводи мунфаҷираро гузошт. Ва аммо дар асл кормандони хадамоти вижаи ИМА, ки худро ҷосусони “Ал-Қоида” муаррифӣ мекарданд, дар мошин маводи безарареро ҷой карда буданд.
Аз ин пеш дар Ню-Йорк чаҳор амрикоӣ ҳам дар таҳияи ҳамлаи террористӣ айбдор шуданд. Онҳо таҳти назорати Бюрои федеролии тафтишот қарор доштанд ва баъд аз он дастгир шуданд, ки нусхаи безарари маводи мунфаҷираро дар канори канисаи яҳудиҳо дар минтақаи Бронкс мегузоштанд. Вакилони дифоъи муҷримон хадамоти кашфи Амрикоро дар таҳияи дасиса айбдор намуданд.
XS
SM
MD
LG