Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Фаронса боиси болоравии қимати нафт шуд


Бар асари коршиканӣ дар корхонаҳои коркарди нафти Фаронса тақрибан якуним ҳазор бунгоҳҳои фурӯши маводи сӯхт бидуни бензин мондаанд. Айни ҳол 12 корхонаи коркарди нафт дар кишвар аз фаъолият бозмондааст. Вазъ дар Фаронса боиси боло рафтани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ гардид. Як ҳафта боз кормандони бахшҳои гуногун алайҳи тасмим ҳукумат барои боло бурдани синни бознишастагӣ эътироз мекунанд. Ҳукумат тасмим гирифтааст, ки синни нафақаро аз 60-солагӣ то 62-солагӣ боло барад.
Рӯзи душанбе ронандагони мошинҳои боркаш ва кормандони роҳи оҳан низ ба сафи эътирозгарон пайвастаанд. Имрӯз фурудгоҳи Орлии Порис нисфи парвозҳоро анҷом нахоҳад дод, дар дигар фурудгоҳҳо 30 дар сади парвозҳо лағв шудааст.
Дар ҳамин ҳол Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса изҳор намуд, ки бо вуҷуди эътирозҳои оммавӣ дар кишвар аз барномаи боло бурдани синни бознишастагӣ даст бардоштанӣ нест. Рӯзи чаҳоршанбе қонун дар бораи боло бурдани синни бознишастагӣ ба Сенати Фаронса ироа хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG