Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтӯгуи сулҳи Ховари Миёна дар Порис ба таъхир афтод


Нишасти Порис, ки қарор буд, раҳбарони Исроилу Фаластинро барои идомаи гуфтӯгуҳои сулҳ гирди ҳам оварад, ба таъхир афтод, ки аломати дигари беназмӣ дар музокироти сулҳи Ховари Миёна хонда шудааст. Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, нишасти 21 октябр ба рӯзи дигар ба таъхир андохта мешавад, вале таърихи навро эълом накард. Баъди оғози музокироти мустақими сулҳ миёни Исроилу Фаластиниён бо миёнҷигарии Амрико дар моҳи сентябр Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса, Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластиниён, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури Мисрро ба гуфтӯгуи рӯ ба рӯ даъват кард. Аммо ба далели идомаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар сарзаминҳои Каронаи Бохтарии Рӯди Ӯрдун Фаластиниён гуфтанд, ба музокирот майл надоранд.
XS
SM
MD
LG