Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салимов: Аз хурӯҷи бемории фалаҷ ҷилавгирӣ шуд


Тайи чаҳор моҳи ахир дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи гирифторӣ ба бемории полиомиелит ё фалаҷи атфол сабт нашудааст. Нусратулло Салимов, вазири ҳифзи сиҳати Тоҷикистон, имрӯз ба хабарнигорон гуфт, ки бо кӯмаки ҳукумат ва мусоидати Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ЮНИСЕФ, Бунёди атфоли СММ, аз паҳншавии густардаи беморӣ ҷилавгирӣ карда шуд. Ӯ афзуд, ки охирин ҳодисаи мубталоӣ ба полиомиелит дар Тоҷикистон рӯзи 4 июни соли равон ба қайд гирифта шудааст.
Нусратулло Салимов гуфт, ки дар давраи хурӯҷи беморӣ дар баҳори соли равон 705 нафар бо гумони мубталоӣ ба полиомиелит бистарӣ шуданд. 438 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории фалаҷ тайид гардид. Аз ин маризӣ 21 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ба гуфтаи вазири ҳифзи сиҳати Тоҷикистон, имсол шаш маъракаи эмгузаронӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз полиомиелит гузаронида шуд ва маъракаи навбатӣ аз 8 то 12 ноябр дар 34 шаҳру ноҳияи кишвар доир мешавад.
XS
SM
MD
LG