Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон вориди Косово шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, дар чаҳорчӯби сафари серӯзааш ба минтақаи Балкан имрӯз вориди Косово шуд. Дар Приштина хонум Клинтон бо раисиҷумҳури Косово Ёқуб Красничӣ ва дигар мақомоти кишвар дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Рӯзи сешанбе вазири умури хориҷии ИМА дар шаҳри Белград бо раисиҷумҳури Сербия Борис Тадич музокирот анҷом дод. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, раҳбари Сербия бори дигар изҳор намуд, ки Белград ҳеҷ гоҳ истиқлоли Косоворо эътироф нахоҳад кард ва барои шурӯъи музокироти фаврӣ бо Приштина омода нест.
Ҳиларӣ Клинтон аз гуфтушуниди миёни Сербия ва Албания ва аммо фақат дар масоиле, ки зиндагии ҳамаи шаҳрвандони Косоворо осон мегардонад, пуштибонӣ кард.
XS
SM
MD
LG