Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мӯминобод захираи хокаи тилло кашф шуд


Бино ба хабари "Авеста-Плюс", дар ноҳияи Мӯминобод манбаи хокаи тилло пайдо шудааст. Дар ин бора Азим Иброҳим-сардори раёсати геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст. Вай гуфтааст, дар ин маврид сухан дар бораи захоири зиёд дар миён аст. Ба гуфтаи вай, дар ин манбаъ тақрибан 500 килограм тилло вуҷуд дорад ва коркарди он нисбат ба истихроҷи тилло аз конҳо осонтар аст. Ин захира дар умқи аз 30 то 60 метр дар зери замин будааст.
XS
SM
MD
LG