Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ҷашнвораи "Дидор" оғоз меёбад


Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, имрӯз дар Душанбе чаҳорумин ҷашнвораи байналмиллалии синамо бо номи "Дидор" оғоз мешавад. Дар ин ҷашнвора филмҳо аз Фаронсаву Ҳолланд, Шветсарияву Русия, Гурҷистону Озарбойҷон, Қазоқистону Туркманистон, Эрону Афғонистон ва Узбакистон ширкат хоҳанд кард. Берун аз чаҳорчӯбаи ҷашнвора филмҳо ба забони форсӣ дар синамотеатрҳои шаҳр ба намоиш медароянд. Баргузории мизҳои гирд бо коргардонҳо ва филмноманависон низ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG