Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кэмерон: Сабабҳои марги Линда Норгроув таҳқиқ мешавад


Шаҳрванди Бритониё Линда Норгроув шояд тасодуфан аз тири низомиёни амрикоӣ дар ҷараёни амалиёти наҷот дар Афғонистон кушта шудааст. Дар ин бора сарвазири Бритониё Дэвид Кэмерон хабар дод. Аз ин пеш гуфта мешуд, ки хонум Норгроув аз сӯи афроди мусаллаҳи одамрабо ба қатл расидааст. Ба гуфтаи Кэмерон, дар робита ба ин ҳодиса мақомоти Бритониё ва ИМА тафтишот доир мекунанд.
Линда Норгроув, корманди як созмони хайрияи амрикоӣ, 26 сентябр ҳамроҳ бо се афғони ҳамсафараш дар вилояти Кунар, воқеъ дар шарқи Афғонистон, рабуда шуда буд.
XS
SM
MD
LG