Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти муҳассилини мадрасаҳо ба Тоҷикистон


Мавлон Мухтор, муовини раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, хабар дод, ки баъд аз даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон 50 донишҷӯи мадраса ва донишгоҳҳои мазҳабӣ аз Арабистони саудӣ ва Покистон ба ватан баргаштанд. Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе ӯ изҳор намуд, ки бозгашти онҳо ихтиёрӣ буд ва болои нафаре аз донишҷӯён фишор сурат нагирифтааст. Мавлон Мухтор гуфт, ки айни ҳол дар макотиби мазҳабии кишварҳои хориҷӣ як ҳазору 432 нафар таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG