Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико хабари размоишҳои Чину Туркияро тасдиқ кард


Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, нерӯҳои ҳавоии Чин ва Туркия дар қаламрави Туркия размоишҳое анҷом додаанд, ки нахустин машқи муштараки Чин ва яке аз кишварҳои узви НАТО шумурда мешавад. Сухангӯи Вазорати дифои Амрико мегӯяд, Туркия ба Иёлоти Муттаҳида итминон додааст, ки дар ҳифзи фанновариҳои ҳассоси Амрико ва НАТО, ки ба ҳарбиёни Туркия расонда шудаанд, аз амиқтарин чораҳои эҳтиётӣ кор мегирад. Намояндаи Пентагон афзуд, бовар надорад, ки ҳавопаймои ҷангии Ф-16 дар размоишҳои муштарак бо Чин истифода шуда бошад. Вай гуфт, Туркия ба қоидаҳои НАТО ва идомаи равобити зич бо Иёлоти Муттаҳида содиқ боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG