Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди ҷаҳонӣ аз бӯҳрон хориҷ мешавад


Иқтисоди ҷаҳон ба хуруҷаш аз ҳоли бӯҳрони молӣ идома медиҳад, вале ҳамчунон дар як шароити осебпазир боқӣ мемонад. Чунин аст натиҷаи гузориши нави СБП, ки ҳар ду сол таҳти унвони “дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ” дар Вошингтон нашр мешавад.

Сандуқи байналмилалии пул дар гузориши нави дусолааш пешбинии худ нисбат ба суръати рушди иқтисоди дунё дар соли 2011-умро як хӯрда пойин овардааст ва мегӯяд, чолишҳое ҳанӯз дар миён ҳаст, ки метавонад суръати бурунрафти ҷаҳон аз чанги бӯҳронро ба кундӣ мувоҷеҳ кунад.

Чолишҳо дар баробари иқтисоди ҷаҳонӣ ҳанӯз побарҷост

Бино бар пешбинии нави Сандуқи байналмилалии пул, мизони рушди иқтисоди ҷаҳон дар соли 2011 4,2 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки ин ниҳоди молӣ дар моҳи июл, яъне ҳамагӣ 3 моҳ пеш, суръати рушди иқтисод дар соли ояндаро 4,3 фоиз рақам мезад.

Аммо барои соли ҷорӣ дар муқоиса бо 4,6 дарсади қаблӣ мизони рушди иқтисоди ҷаҳонӣ баръакс як каме болотар – 4,8 дарсад – пешбинӣ мешавад.

Сандуқи пул мегӯяд, хатари пасрафти дубора, яъне баъд аз як муддати эҳё вориди марҳалаи дуввуми коҳиши рушд шудани иқтисод хеле ночиз аст.

Аммо Оливер Бланкард, иқтисодшиноси аршади ин ниҳод мегӯяд, мизони рушди иқтисоди дунё низ ба сурати умум кунд боқӣ мемонад.

“Раванди эҳёи иқтисод суст мешавад. Ончӣ, ки рух медиҳад, натиҷаи аз байн рафтани бархе омилҳое, чун сармоягузории тавлидот ва имтиёзҳои молиётист, ки то кунун дар паси ҷараёни эҳёи иқтисод истода буданд. Ончӣ, ки акнун ба ҷои он меояд, истеъмол ва сармоягузорист. Вале мизони истеъмол ва сармоягузорӣ дар кишварҳои пешрафта чандон қавӣ нест.”

Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, эҳёи комили иқтисоди ҷаҳонӣ дар пайи бӯҳрони саросарии молии ду соли охир ҳанӯз раванде бебозгашт нашудаааст, зеро барномаҳои зиддибӯҳронӣ чунон зиёд идома накард, ки битавонад гузариши орому мулоим аз сатҳи ҳимояти ҷомиа то тақозои инфиродиро тай бизанад.

Мизони рушд сареътар мешавад

Бино бар пешбинии ин ниҳоди молӣ, мизони рушди иқтисодҳои дар ҳоли гузор ва бозорҳои дар ҳоли рушд нисбат ба кишварҳои сарватманд дар соли оянда ҳудуди 3 маротиба сареътар хоҳад шуд ва иқтисодҳои зиёде, ба хусус онҳое, ки ба содироти маҳсулот машғуланд, таҳти таъсири мизони рушди иқтисоди Чин хоҳанд монд.

Ба пешбинии Сандуқи байналмиллалии пул, мизони рушди иқтисодҳои дар ҳоли рушд дар соли оянда 6,6 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки назар ба 7,1 дарсади пешбинии соли ҷорӣ як андоза камтар аст.

Аммо мизони рушди иқтисодҳои пешрафта барои соли оянда 2,2 рақам зада мешавад, ки низ дар муқоиса бо 2,7 дарсади соли равон натиҷае пойинтар хоҳад буд.

Ва дар ҳоле, ки интизор меравад, мизони умумии рушди иқтисоди ҷаҳон имсол ба 4,8 дарсад дакка бихӯрад, ин нишондиҳанда барои кишварҳои минтақаи евро ҳамагӣ 1,7 фоиз гуфта мешавад.

"Батадриҷ, вале ноҳамвор"

Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, ҳаракат ба сӯи эҳёи иқтисод дар кишварҳои Аврупо раванде “батадриҷ, вале ноҳамвор” боқӣ мемонад.

Оливер Бланкард, иқтисодшиноси аршади ин созмон мегӯяд, бӯҳрон захмҳое дар бадани давлатҳои сарватманд баҷо гузошта аст, ки ҳамчунон монеъи пешрафти ин кишварҳо ба сӯи эҳёи баъд аз бӯҳрон мешавад:

“Агар шумо харидоронро бигиред, онҳо қаблан пули худро хеле дарҳаму барҳам сарф мекарданд. Мизони пасандоз кардани маблағи онҳо тақрибан ба сифр наздик шуда буд ва ё аксари онҳо ба гирдоби қарз ғуттида буданд. Аммо феълан онҳо бояд маблағҳои зиёдеро ҳифз кунанд, ки ба маънои нисбатан заъиф шудани сатҳи харидорист. Аҳволи низоми молӣ ҳанӯз чандон хубе нест ва аз ин рӯ, бархе ширкатҳо ҳамчунон дар вазъи мушкиле қарор дошта, бозори манзил дар ҳоли харобшавист ва шумори манзилҳои фурӯхтаношуда хеле бузург аст. Ва ин ҳама монеъи тақвияти харидорӣ ва сармоягузорӣ мешавад.”

Сандуқи байналмилалии пул дар ин гузориши дусолааш пиромуни эҳтимоли бурузи мушкилоти изофӣ аз Юнону Ирландия ва Португалияву Испания, ки алакай қарзи сангине ба гардан доранд, ҳушдор додааст.

Ин ниҳоди молӣ мегӯяд, кишварҳои доро бояд тармими бахшҳои бӯҳронзадаи молии худро ба анҷом расонда ва ба коҳиши будҷаҳои варамидаи худ шурӯъ кунанд.

Сандуқи пул мегӯяд, танзими будҷа дар кишварҳои пешрафтаи ғарқи қарз бояд сар аз соли оянда ҷиддан оғоз биёбад, вале агар мизони рушд нисбат ба интизорот хеле пойинтар боқӣ бимонад, кишварҳое, ки имконоти маҳдуди молиётӣ доранд, маҷбур хоҳанд шуд, то барномаҳои коҳиши масрафоти худро боз ҳам ба таъхир бигузоранд.

Иқдоме, ки ба навбаи худ метавонад ҳамин гуна раванди эҳёи комили иқтисоди ҷаҳониро низ ба ақиб биандозад.
XS
SM
MD
LG