Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи кори шӯрои сулҳи Афғонистон


Имрӯз дар Кобул нишасти шӯрои сулҳи Афғонистон ба кор оғоз кард, ки талош дорад бо гурӯҳҳои Толибон ва шӯришӣ музокироти сулҳ барпо кунад. Зимни суханрониаш дар ин нишаст, ки дар ҳалқаи шадиди амниятӣ баргузор мешавад, раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, бисёр умедвор аст, ки ин шӯро роҳи сулҳу суботро пайдо хоҳад кард. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар миёни аъзои ҳукумат ва Толибон иртибототе барқарор шудааст, вале роҷеъ ба музокираҳо ҳоло сӯҳбат кардан барвақт аст. Толибон батакрор гуфтаанд, ки то замони ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар хоки Афғонистон бо ҳукумати Карзай музокира нахоҳанд кард. Карзай дар даъват ба шӯришиҳо гуфт, ки таъсиси шӯрои 70-нафара роҳро барои замин гузоштани силоҳ ва пайвастан ба ҳукумат боз мекунад.
XS
SM
MD
LG