Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узрхоҳии ИМА дар баробари Покистон


ИМА аз Покистон барои ҳамлаи чархболе узрхоҳӣ кард, ки дасти кам ду сарбози артиши ин кишварро дар наздикии марз бо Афғонистон кушта бар ҷой гузошт. Номаи узрхоҳӣ аз номи сафири Амрико дар Исломобод Энн Петерсон дар ҳоле нашр шуд, ки ҷангиёни шӯришӣ ҳамоно ба мошинҳои ҳомили муҳимоти низомиву сӯзишворӣ, ки аз Покистон ба Афғонистон ҳаракат мекунанд, ҳамлаҳо анҷом медиҳанд. Дар изҳороти Петтерсон гуфта мешавад, ки барои таҳқиқи ҳодисаи куштори иштибоҳии сарбозони покистонӣ комиссиюни муштарак ташкил шудааст.
XS
SM
MD
LG