Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқрори русҳо дар марзи ҷанубии Қирғизистон


Русия 40 нафар аз мушовирони идораи марзбонии худро дар вилояти Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон мустақар хоҳад кард. Ин тасмим дар пайи музокироти роҳбарони ниҳодҳои марзбонии Русия ва Қирғизистон дар Бишкек гирифта шуд.Тибқи ин тавофуқ, марзбонони рус бо ҳамтоёни қирғизашон дар марз бо Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамкорӣ хоҳанд дошт.


Истиқрор дар марз бо Тоҷикистон ва Узбакистон

Бо Тоҷикистон дар самти Хоруғ, вилояти Бадахшон, ки як роҳи стратегӣ барои Қирғизистон маҳсуб мешавад ва ҳамзамон мантақаи кӯҳистонӣ ва душворгузар, ки бештари мавориди қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тариқи ин минтақа сурат мегирад, марзбонони рус ҳамкор қирғизҳо хоҳанд буд.

Ба ин тартиб ин барои бори нахуст аст, ки марзбонони рус дар марзҳои дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ мустақар мешаванд.

Ҳарчанд дар гузашта марзбонони рус дар марз бо Афғонистон, Чин ва Эрон қарор доштанд.

Мирослав Ниёзов, собиқ дабири шӯрои амнияти Қирғизистон, истиқрори марзбонони рус дар марзи ҷанубии ин кишварро як амри зарурӣ дар шароити феълии заъфи ҳукумати ин кишвар медонад ва мегӯяд:

«Дар Қирғизистон системаи таъмини ҳифозати марзи дохилӣ заиф аст. Ҳатто дар солҳои истиқлоли кишвар ин мушкил ҳалли ниҳоии худро пайдо накард. Ва имрӯз, дар ҳоле, ки низоъҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон сурат гирифт ва амнияти сиёсӣ қариб, ки дар кишвар вуҷуд надорад, Қирғизистон маҷбур шуд то бо Русия ба чунин иқдоме даст занад. Муроҷиат ба СПАД барои кумаки низомӣ низ далели собити ин аст. Проблемаи марзӣ воқеан вуҷуд дорад ва ҳалли он дар ҳоли ҳозир имконнопазир аст».

Бозгашти марзбонони рус ба минтақа

Ба таъкиди ҷаноби Ниёзов ва ҳамин тавр бештари таҳлилгарону коршиносон, истиқрори марзбонони рус дар ҷануби Қирғизистон комилан ба маънии густариш ва тақвияти ҳузури низомии Русия дар минтақа аст.

Ин дар ҳолест, ки Виктор Иванов, раҳбари хадамоти назорат бар маводи мухаддири Русия, қаблан мавзӯи баргашти дубораи марзбонони рус ба марзҳои Тоҷикистонро низ матраҳ карда буд.

Марзбонони рус пас аз беш аз як асри ҳузур дар марзҳои Тоҷикистон дар соли 2005 аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шуданд.

Назари коршиносон низ ин аст, ки дар канори талошҳои Амрико барои густариши ҳузураш дар минтақа, ки як пойгоҳи бузурги низомӣ дар фурудгоҳи «Манас»–и Қирғизистон дорад, Русия низ бо ҳар роҳ мехоҳад то ҷойгоҳаш дар Осиёи Марказӣ аз Амрико, камтар набошад.

Ҳарчанд ҳамакнун пойгоҳи низомии Русия дар Канти Қирғизистон фаъол аст. Ҳатто вазорати дифои Русия низ барномаҳоеро низ дар заминаи роҳандозии иншооти низомӣ дар ҷануби Қирғизистон рӯи даст дорад.

Иқдомҳои низомӣ ва амниятии Русия дар қиболи Қирғизистон дар пайи вуқӯи норомиҳо ва ҳаводиси хунин дар Уш ва Ҷалолобод, дар ҷануби Қирғизистон дар тобистони соли ҷорӣ рӯи кор омадаанд ва ба таъкиди соҳибназарон бо он, ки ин Русия ва ҳамчунин Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар айни даргириҳо иқдоме карда натавонистанд, ҳамакнун ба ин васила мехоҳанд то худро ҳомии таъмини суботу амният дар минтақа нишон бидиҳанд.

Нигарониҳо аз вазъи шарқи Тоҷикистон

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳоло минтақаи шарқи Тоҷикистон, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст, торафт ноором мешавад.

Ин аст, ки Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси Маркази мутолеоти низоъҳо дар Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки маҳз бесуботии шарқи Тоҷикистон яке аз далоили тақвияти ҳамкории ниҳодҳои марзбонии Русия ва Қирғизистон шудааст:

«Ҳаводиси ахир дар шарқи Тоҷикистон албатта дар рӯи кор омадани ин тарҳ таъсир дорад. На танҳо раҳбарияти Қирғизистон, балки Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз шиддат гирифтани вазъият дар Тоҷикистон, ба хусус эҳтимоли тавсеаи ин гуна ҳодисаҳо дар минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон, шояд ба ташвиш овардааст. Ва шояд як аксуламали роҳбарияти Қирғизистон ба ҳодисаҳое, ки дар Тоҷикистон шудаанд, ҳамин аст ва ин воқеият аст ва мо инро инкор карда наметавонем».

Ин дар ҳолест, ки генерал Владимир Порнишев, раҳбари идораи марзбонии хадамоти федеролии амнияти Русия ҳамкории муассир дар муқобала бо таҳдидоти марзӣ, ба хусус фаъолияти гурӯҳҳои фаромиллии ҷиноиро аз ҳузури мушовирони марзбони рус дар ҷануби Қиризистон унвон кард.

Қаблан мақомоти амниятии Қирғизистон аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои ҷиноии ифротӣ ба ин кишвар тариқи убури марзи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буданд. Аммо мақомоти амниятии Тоҷикистон ин нигарониҳоро рад карда ва онҳоро бепоя хонданд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон то ҳол дар мавриди мустақар шудани мушовирони рус дар марзи ҷанубии Қирғизистон расман изҳори назаре накардаанд. Ҳарчанд масъулони давлати Тоҷикистон ҳар талошеро, ки дар кишварҳои ҳамсоя мегузарад, «кори дохилии кишвари ҳамсоя» арзёбӣ мекунанд.

Тошканд хомӯш аст

Аммо ба бовари Владимир Мухин, коршиноси масоили Осиёи Миёна, Узбакистон ғолибан нисбат ба тақвияти ҳузури низомии Русия дар наздикии марзҳояш бо ҳассосият назар хоҳад кард.

Ӯ аммо меафзояд, «ба назари ман, Узбакистон зидди ин иқдом хоҳад буд. Зеро ин кор ба Ислом Каримов писанд нахоҳад омад. Ҳоло барои Каримов ин муҳим нест. Аммо вай чизе дар ин бора нахоҳад гуфт. Ҳарчанд Каримов мухолифи ин тарҳ аст, аммо дар шароити феълӣ намехоҳад муносибаташро бо Медведев бад кунад. Зеро вай хуб медонад, ки ин барои вай душвор хоҳад афтод».

Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон бо Узбакистон дар тӯли 1375 километр марзи муштарак доранд, ки беш аз 300 км он манотиқи баҳсбарангез маҳсуб мешавад ва мавориди зиёди ихтилофот ва низоъҳои марзи миёни қирғизҳо ва узбакҳо ва ҳатто мавориди муқовимати мусаллаҳонаи байниқавмӣ низ дар ин марзҳо мушоҳида шудааст.

Ҳамин тавр, нооромиҳои тобистони соли ҷорӣ дар ҷануби Қирғизистон дар ниҳоят ба даргириҳои қавмӣ миёни қирғизҳо ва узбакҳо печид, ки паёмадҳои номатлубе дар пай дошт.

Бархе аз коршиносон низ бар ин назаранд, ки бесуботӣ ва нооромӣ дар Қирғизистону Тоҷикистон ба суди Узбакистон, ба манзури монеи аслӣ дар бунёди неругоҳҳои бузурги барқӣ обӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG