Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонии фирорӣ дар амалиёти Тавилдара кушта шуд


Нируҳои интизомии Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти боздошт дар ноҳияи Тавилдара Бозоралӣ валади Эгамбердӣ-яке аз зиндониёни фирориро ба қатл расондаанд. Вазорати дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, вай ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар оташи ҷавобӣ кушта шудааст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар маҳали амалиёт як мусалсали "Калашников" ва як туфангча ба даст омадааст. Бозоралӣ валади Эгамбердӣ шаҳрванди 41 солаи Афғонистон 23-юми август як ҷо бо 24 нафари дигар аз боздоштгоҳи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон фирор карда буд. То ҳол 15 нафари дигар аз ин маҳбусони фирорӣ ҷустуҷӯ мешаванд.
XS
SM
MD
LG