Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроилиҳоро дар сӯзондани масҷид айбдор мекунанд


Мақомоти исроилӣ ба таҳқиқи хабари сӯзонда шудани як масҷид дар Каронаи Бохтарӣ аз тарафи муҳоҷирони яҳудӣ шурӯъ карданд. Фаластиниҳо мегӯянд, муҳоҷирон масҷиди рустои Байт Фаҷҷорро оташ задаанд. Онҳо сокинони шаҳраки яҳудинишин дар ҳамсоягии деҳаро барои он айбдор мекунанд, ки дар девори масҷид навиштаҷоте ба забони ибрит боқӣ мондааст. Онҳо мегӯянд, бархе аз афроди ин гурӯҳ кулоҳакҳои яҳудӣ дар сар доштанд. Ҳамла дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки гуфтушуниди сулҳи Ховари Миёна ба иллати шаҳраксозии муҳоҷирони яҳудӣ вориди бунбаст шудааст.
XS
SM
MD
LG