Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизони хатари ҳамлаҳо дар Аврупо афзудааст


Рӯзи якшанбе 3-юми октябр, ҳукуматҳои ИМА ва Британия ба шаҳрвандони худ дар бораи афзоиши хатари ҳамлаҳои террористӣ дар Аврупо ҳушдор доданд. Мақомоти Кохи Сафед гуфтаанд, ки имкон дорад Ал- Қоида сохторҳои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои ин қораро ҳадафи худ қарор диҳад.

Вазорати умури хориҷии Амрико зимни ҳушдор ба сайёҳони амрикоӣ дар Аврупо, ягон кишвари мушаххасро зикр накард.

Эҳтимоли ҳамлаҳо зиёд аст

Британия сатҳи хатари ҳамлаҳои террористӣ барои саёҳони британиявӣ дар Олмону Фаронсаро аз “баланд” ба умумӣ тағйр дод.

Тибқи арзёбиҳои Британия, эҳтимоли ҳамлаҳо дар дохили кишвар ҳамоно зиёд аст.

Лондон гуфтааст, ки бо арзёбиҳои ИМ бо сатҳи хатар дар қораи Аврупо дар умум розӣ аст.

Ин ҳушдорҳо баъд аз он паҳн шудаанд, ки ҳафтаи гузашта чанд мақоми кишварҳои мухталифи Аврупо, гузоришҳои матбуот дар бораи иттилои ахири истихборотиро қисман таъид кардаанд, ки тибқи он имкон дорад террористон дар Аврупо ҳамлаҳоеро анҷом диҳанд.

Дар ҳушдори вазорати умури хориҷии Амрико омадааст, ки нақлиёти роҳи оҳан ва дигар сохторҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ аз ҷумла хадамоти киштиронӣ ва ҳавопаймоӣ метавонад мавриди ҳадафи терористон қарор бигирад.

Дар ин санад гуфта шудааст : ”Вазорати умури хориҷии Амрико ба шаҳрвандони ИМ дар бораи имкони анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Аврупо ҳушдор медиҳад."

Вазорати умури хориҷи навиштааст, ки “ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ чораҳои заруриро анҷом медиҳанд.”

Ин дар ҳолест, ки сухангӯи вазорати умури хориҷии Британия аз додани тафсилоти бештар дар бораи он, ки чаро сатҳи хатари сафар ба Олмону Фаронса тағйр ёфт худдорӣ намуд.

Ӯ танҳо гуфт, ки “мисли дигар кишварҳои бузурги минтақа, эҳтимоли хатари анҷоми ҳамлаҳо дар онҷо зиёд боқӣ мемонад ва ин дар гузориши машваратии мо инъикос ёфтааст”.

Вазири корҳои дохилии Британия Тереза Мэй дирӯз дар Вашингтон гуфт, ки арзёбиҳои ҷониби Амрико дар бораи тағйри мизони хатар дар Аврупо бо мулоҳизаҳои мо яксонанд.

Аврупо дар ҳолати омодабош қарор дорад

Манбаъҳои амниятии Олмон рӯзи чаҳоршанбе эълом доштанд, ки сару садоҳо дар бораи ҳамлаҳои эҳтимолӣ зиёд шудааст, аммо вазорати умури дохилии он кишвар гуфт, ки дар айни замон барои боло бурдани мизони омодабоши миллӣ ягон далеле вуҷуд надорад.

Рӯзи ҷумъа, Шветсия мизони хатари ҳамлаҳои террористиро боло бурда бо вуҷуди ин гуфт, ин мизон дар Шветсия ҳамоно поинтар аз дигар кишварҳои Аврупо боқӣ мемонад .

Матбуоти Британия ҳафтаи гузашта навишта буд, ки ниҳодҳои ҷосусӣ, нақшаи гурӯҳи террористиеро марбут ба Ал-Қоида, ки мақараш дар Покистон мебошад ошкор кардаанд, ки қасд дорад дар як замон дар шаҳрҳои мухталифи Аврупо ҳамлаҳо анҷом диҳад.

Охирин ҳамлаи муваффақи террористи дар Аврупо, июли соли 2005 дар Лондон анҷом шуда буд.

Бар асари бомбгузории интиҳорӣ дар метрои Лондон, 52 нафар ба ҳалокат расид.

Моҳи марти соли 2004 дар Мадриди Испания бар асари таркиши бомба дар қаторҳо 191 нафар кушта шуд.
XS
SM
MD
LG