Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи махфигоҳҳо дар дараи Камароб


Нирӯҳои қудратии Тоҷикистон дар идомаи амалиёти поккорӣ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт махфигоҳҳое бо захираи аслиҳаву дорувор ва маводи ғизоиро кашф кардаанд. Манбаъи ин хабар - Тоҳир Норматов, раҳбари ситоди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки ҷангиён ғолибан ба зимистонгузаронии тӯлонӣ омодагӣ мегирифтанд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохила ба Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, ба зудӣ як гурӯҳи дигари силоҳбадастон дар Рашт дастгир хоҳанд шуд. Оқои Асадуллоев ҳамчунин хабари “Азия Плюс” дар бораи нишасти изтирории як чархболи нирӯҳои давлатӣ дар Раштро радд кард ва гуфт, амалиёти зидди гурӯҳи Мирзоҷӯҷа Аҳмадов дар нуқоти аҳолинишин идома дорад, ки истифодаи чархболҳои низомиро ғайримумкин мегардонад.
XS
SM
MD
LG