Босния ва Ҳерзеговин, ки тақрибан 4,6 миллион ҷамъият дорад, номзад ба узвияти паймони низомии НАТО аст ва азм дорад, ба узвияти ИА низ бипайвандад.
Нақши меҳварии омили қавмӣ дар интихобот
Барои касби курсиҳои парлумон ва сегонаи раёсати ин ҷумҳурӣ, ки бо навбат аз байни намояндагони ақвоми хорвату серб ва босниягиҳо, ё худ мусалмонони Босния, интисоб мешаванд, беш аз 8000 номзад аз 39 ҳизбу 11 эътилофи сиёсӣ вориди корзор шудаанд.
Дар ҳамин раъйгирӣ бояд аъзои маҷолиси Ҷумҳурии сербҳо ва Федеросиюни хорватҳову мусалмонҳо, ду воҳиди маъмурии Босния Ҳерзеговин ва ҳам раиси ҷумҳурии сербҳо низ интихоб шаванд.
Ин ду воҳиди мухтор бар асоси созишномаи сулҳи Дейтон, ки соли 1995 ба ҷанги чаҳорсолаи хунин дар Буснӣ нуқтаи таммат гузошт, ташкил шудаанд.
Вале бо вуҷуди гузашти 15 сол аз ҷанги байниқавмӣ дар Босния, ки ҳудуди 100 000 кушта ба ҷо гузошт, ин бор ҳам аҳзоби умдаи сиёсӣ аз мардум даъват мекарданд, ба номзадҳо аз қавми худ раъй бидиҳанд.
Ба ин тартиб, фазои ҳоким дар интихоботи кунунии Босния боз ҳам масоили милливу қавмӣ буда, сербҳову хорватҳо ва босниягиҳо ҳар кадом дар сангари ҷамъияти қавмии худ боқӣ мемонанд. Нухбагони сиёсӣ ҳам талош мекарданд, бо шиорҳои қавмгароёна, орои қавми худро ба даст биоранд.
Аммо бархе раъйдиҳандагон аз чунин рангу оҳанги қавмӣ гирифтани ин маърака ва ба мадди дуввум рафтани масоили муҳими ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ ва мушкилоти доғе, чун болоравии нархҳову бекорӣ, изҳори навмедӣ мекунанд.
Мардуми Босния зиндагии шоиста мехоҳанд
Амир Солакович, як сокини Сараево, пойтахти Босния: “Онҳо ҳамеша дам аз сиёсат мезананд, дар ҳоле ки мардум василаи зиндагӣ надорад. Мо дар як варта қарор дорем. Ислоҳот зарур аст, ислоҳот дар иқтисод, ки мардум дар инҷо чун дар боқӣ гӯшаҳои ҷаҳон як зиндагии шоиста дошта бошад.”
Иқтисоди Босния як муддат бо шарофати 15 миллиард доллар кумакҳои байналмилалии баъди ҷангӣ шоҳиди рушди босуръате шуд.
Аммо тайи солҳои охир омилҳое, чун фасоду ихтилофоти байни сиёсатмадорон ва ҳам бӯҳрони саросарии молӣ мунҷар ба кунд шудани суръати рушди иқтисоди ин кишвари ҷангзадаи нимқораи Балкан шуд.
Бино бар омори расмӣ, феълан мизони бекорӣ дар Буснӣ ба 43 дарсад расидааст.
Аммо Боро Бозанович, як сокини бознишастаи Добой умедвор аст, ки интихобот ба кишвараш тағйироти беҳтар хоҳад овард: “Бояд беҳтар шавад. Мо ҳама ба ин умед дорем. Иқтисод, таъсиси ҷои кор, фаъол кардани тавлидот – бидуни ин натиҷае ба даст намеояд.”
Кишваре аз ҳам ҷудо
Бино бар охирин назарсанҷиҳо, Эътилофи мустақили сотсиал-демократҳо ба раҳбарии сарвазири Ҷумҳурии сербҳо Милорад Додич қавитарин ҳизб ҳам дар ин вилоёт ва ҳам дар саросари Буснӣ барҷой мемонад.
Аммо пурнуфузтарин ҳизб дар Федеросиюни хорватҳову мусалмонҳо, ҳизби сотсиал-демократи профессори улуми компутарӣ Златко Лагумҷия будааст.
Аммо Додич, ки номзад ба раҳбарии ҷумҳурии сербҳо низ ҳаст, имкони ҳар навъ иттиҳод бо Лагумҷия дар сатҳи саросариро радд мекунад.
Дар пайи судури ҳукми Додгоҳи байналмилалии адолат, ки хуруҷи Косово аз Сербистонро қонунӣ номид, Милорад Додич мегӯяд, ки сербҳои Босния низ бояд ин ҳаққро дошта бошанд.
Ҳамин тавр, раҳбари қавмгароёни хорват Драган Кович ба ҷудо шудани сарзаминҳои хорватнишин аз ҳайъати Босния даъват мекунад.
Аммо раҳбарони мусалмонҳо ё босниягиҳо, бузургтарин ҷамъияти қавмии сокини Босния ҳушдор додаанд, ки ҳар навъ қасди ҷудоӣ ва ё талоши ташкили воҳиди севвум мунҷар ба ҷанги нав дар ин кишвари ҷангзада хоҳад шуд.