Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Бразилия, дастовардҳои Лула де Силва


Мардуми Бразилия имрӯз, саввуми октябр барои интихоби раиси ҷумҳури оянда пои сандуқҳои рай мераванд. Аммо Луиз Инасио Лула да Силва, раиси ҷумҳури кунунӣ дар байни номзадҳои ин интихобот нест. Оқои Силва аз моҳи январи соли 2003 то ба ҳол роҳбарии ин кишварро ба ӯҳда дорад.

Дар заминаи нақши Лула да Силва дар Бразилия, бахши форсии радиои Озодӣ гуфтугӯе бо Фаридун Хованд, соҳибназари иқтисодӣ анҷом додааст, ки ин ҷо мехонед.

Пурсиш: Якшанбе саввуми октябр интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Бразилия баргузор мешавад ва ба ҳамин муносибат дар расонаҳои байналмиллалӣ матолиби ситоишомези зиёде дида мешавад дар бораи корномаи Лула, ки даврони раёсати ҷумҳуриаш дар Бразилия ба зудӣ ба поён мерасад. Дар арсаи иқтисодӣ чӣ дастовардҳое аз даврони Лула боқӣ монд?

Посух: Камтар дида шудааст, ки як кишвар дар остонаи тарки кардани қудрат дар саҳнаи дохилӣ ин ҳама маҳбубият дошта бошад ва дар саҳнаи байналмиллалӣ ин ҳама мавриди ситоиш қарор бигирад. Агар қонуни асосии Бразилия ба Лула иҷоза медод дар интихоботи раёсати ҷумҳури саввуми октябр ширкат бикунад, ӯ мусалламан бо бархурдорӣ аз як маҳбубияти ҳаштод дар садӣ дар миёни афкори умумӣ, бори дигар интихоб мешуд.

Вале қонун ин корро иҷозат намедиҳад. Лула ба ҳизби заҳматкашони Бразилия тааллуқ дорад бо гароиши чап, вале муҳимтарин расонаҳои иқтисодии дунё, созмонҳои баайналмиллалии иқтисодӣ, бонкҳои тиҷорӣ, ниҳодҳое, ки дар андозагирии дараҷаи хатарпазирии иқтисодҳо тахассус доранд, хулоса бахши бузурге аз расонаҳо ва дастгоҳҳое, ки дар соли 2003 аз пирӯзии Лула метарсиданд, имрӯз яксад аз сиёсати иқтисодии вай ситоиш мекунанд.

Фаромӯш накунем, ки Бразилия дар нахустин даҳҳаҳои пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, диктатории низомӣ буд бо иқтисоди муттакӣ ба содироти қаҳва ва дар ҳоли ҳозир як демократияи бузурге ҳаст бо 190 милллион нафар ҷамъият қудрати санъатии Амрикои Лотинӣ ба шумор меравад, аз назари иқтисодӣ ҳаштумин қудрати дунё аст ва имкон дорад ҳудуди панҷ соли дигар худашро ба мақоми панҷум ё шашуми дунё бирасонад.

Пурсиш: Чи авомиле боис шуданд иқтисоди Бразилияи то ин ҳад пешрафт бикунад?

Посух: Муаммои аслӣ, муъҷизаи Бразилия Фернандо Кардосо аст, ки пеш аз Лула раёсати ҷумҳури ин кишваро ба ӯҳда дошт ва тавонист бо як силсила ислоҳоти бунёдӣ, иқтисоди кишварашро ба роҳи рушд пойдор биандозад аз ҷумла тасбити пули миллӣ, мубориза бо таваррум, хусусисозӣ ва ҳамоҳанг кардани Бразилияи бо фароянди ҷаҳонӣ шудан.

Шоҳкори Лула ин буд, ки ин сиёсатҳоро идома дод ва дар ҳамон ҳол як силсила барномаҳои бисёр муваффақро дар ростои мубориза бо фақр ба иҷро гузошт.

Лула бар хилофифи бисёри дигар аз раҳбарони чап, бо баҳонаи мубориза бо беадолатӣ, рушди иқтисодро қурбонӣ накард. Балки бо истифода аз рушди иқтисод, миллионҳо бразилияиро аз фақри сиёҳ берун овард ва яке аз муҳимтарин дастовардҳои ӯ, густариши бесобиқаи табақаи муттавасити аст дар кишваре, ки албатта ҳанӯз ҳам бо нобаробариҳои ҷиддӣ дасту панҷа нарм мекунад.

Пурсиш: Бахши бузурге аз афкори умумии Эрон аз Лула гиламанд ҳастанд ба хотири рафоқати раиси ҷумҳури Бразилия бо Маҳмуд Аҳмадинажод ва ба вижа мавзеъгирии ӯ дар мавриди натоиҷи интихоботи даҳумин интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон. Дар ин маврид чӣ назаре доред?

Посух: Лула бо такзиби тақаллуб дар охирин интихоботи раёсати ҷумҳури исломӣ, бисёре аз эрониҳоро сахт дилгир кард ва тасодуфан як рӯзномаи фаронсавӣ дар охирин шумораи худаш, рафоқати раиси ҷумҳури Бразилия бо Маҳмуд Аҳмадинажодро бахши торики солҳои Лула тавсиф мекундад. мисли бетаваҷҷуҳии ӯ ба эътисоби ғизоиии зиндониёни сиёсӣ дар низоми Кастро.
XS
SM
MD
LG