Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳиятҳои раиси ҷумҳури Украина баргардонданд


Додгоҳи Қонуни асосии Украина имрӯз ҳукм кард, ки ислоҳи Қонуни Асосӣ дар соли 2004, ки қудрати раиси ҷумҳурро коҳиш дода ва салоҳиятҳои ӯро ба порлумон дод, ғайриқонунӣ будааст. Ин ислоҳот, ки баъди тазоҳуроти мардумӣ ва инқилобии норанҷии Украина ворид шуд, салоҳиятҳои таъйини нахуствазир ва аъзои калидии ҳукуматро ба ихтиёри порлумон дод. Анатолий Ҳоловин, раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Украина баъди судури ҳукм, гуфт, салоҳиятҳои раиси ҷумҳур билофосила бояд барқарор карда шавад: “Бар асоси Қонуни асосии Украина аз рӯзи 28 июни соли 1996 мақомоти давлатӣ бояд ин қарорро билофосила мавриди иҷро диҳанд, ки ин нусхаи Қонуни Асосӣ пеш аз ислоҳоти рӯзи 8 декабри соли 2004 вуҷуд дошт.“ Ин ҳукми таърихӣ, Украинаро аз низоми порлумонӣ ба низомӣ раёсатӣ табдил дода ва ба Виктор Янукович ин салоҳиятро медиҳад, ки аъзои калидии ҳукуматро худаш таъйин кунад.
XS
SM
MD
LG