Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи раиси ҷумҳури Эквадор баъди раҳоиаш


Рафаел Корреа, раиси ҷумҳури Эквадор, мегӯяд, пулисҳои шӯришие, ки дар шифохона муҳосирааш карданд, қасди куштани ӯро доштанд. Раҳбари чапгарои Эквадорро баъди муҳосираи чандсоатаи пулисҳои норозӣ аз қонуни ҳукумат ҷиҳати коҳиши имтиёзҳояшон сарбозон раҳо карданд. Рафаел Корреа баъди раҳоиаш, дар ҳузури тарафдоронаш гуфт, баъзе аз нерӯҳои пулис ва чеҳраҳои дигар қасди сарнагун кардани ӯро доштаанд: "Вақте мо фаҳмидем, ки наметавонем сӯҳбат кунем ва хостем онҷоро тарк кунем, онҳо ба раиси ҷумҳури ҳамла карда ва ба рӯи мо газ пошиданд. Онҳо маро ба шифохонаи пулис бурда ва дар онҳо гаравгон гирифтанд." Созмони Салиби Сурхи Эквадор мегӯяд, дар тирандозии миёни пулисҳои эътирозгар ва нерӯҳои вафодори раиси ҷумҳур ду нафар кушта ва 37 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG