Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Мушарраф мехоҳад ба қудрат боз гардад


Генерали бознишаста Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи Покистон ҳангоми баррасии тарҳи имкони бозгашт худ ба ҳаёти сиёсии кишвараш даъват намуд, ки артиши Покистон бояд нақши ҳарчи бештари сиёсӣ иҷро кунад. Мушарраф дар соли 1999 дар натиҷаи як табаддулоти низомӣ ба қудрат расид ва то соли 2008 раҳбари Покистон буд.

Зимни суханронӣ дар Форуми мубоҳисавии “Чоргӯшаи истихборот”, рӯзи 29 сентябр дар Лондон, Парвиз Мушарраф иброз дошт, вазъи кишвараш, ки дорои силоҳи ҳастаӣ аст, танҳо дар он сурат ҳал хоҳад шуд, ки агар низомиён дар он нақше дошта бошанд.

Нақши муассири артиш дар сиёсати Покистон

Ин сиёсатмадори 67 сола афзуд, ки барои таъмини мувозинат ва тазмини ҳукуматдории хуб, раҳбарияти артиши Покистон бояд дар ин ё он сурат дар ҳаёти сиёсии кишвар ширкат кунад ва низомиён бояд имкони матраҳи нигарониҳои худро дошта бошанд.

Баъд аз касби истиқлолият дар соли 1947, Покистон қариб 30 сол аз ҷониби артиш идора мешуд ва ҳоло ҳам нуфузи низомиён дар он кишвар ниҳоят муассир аст.

Мушарраф ҳадс зад, ки артиш шояд маҷбур шавад ба умури ҳукумат мудохила кунад, зеро ба гуфтаи ӯ, ҳукумати кишвар натавонистааст ба таври муносиб дар баробари гурӯҳҳои исломии силоҳбадаст, рукуди иқтисодӣ ва обхезии фалокатбори кишвар аксуламали дуруст нишон бидиҳад.

Генерали бознишаста дар бораи мулоқоти пурсарусадои фармондеҳи артиши Покистон генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ, раисҷуҳури кишвар Осиф Алӣ Зардорӣ ва нахуствазир Юсуф Ризо Гелонӣ ёдовар шуда гуфт: “Метавонам шуморо имтинон бидиҳам, ки онҳо на дар бораи обу ҳаво сӯҳбат карданд”.

Ӯ афзуд, ки “бидуни шубҳа дар айни замон ба дасти фармондеҳи артиш бояд тамоми фишангҳо дода шавад”.

Эҳтимоли табадуллоти низомӣ дар Покистон

Мушарраф дар бораи “фишангҳои” ҳамсон соли 1999, ҳангоми ба сари қудрат дар натиҷаи кудатои давлатӣ омаданаш низ гуфта буд.

Ӯро соли 2008 баъд аз моҳҳо эътирозҳои густардаи мардумӣ ва бохти ҷонибдоронаш дар интихоботи парлумонӣ, аз қудрат барканор карданд.

Изҳороти ахири Мушарраф дар ҳоле паҳн гардид, ки мубориза миёни ниҳодҳои давлатӣ дар Покистон шиддат меёбад. Овозаҳо паҳн шудаанд, ки низомиёни кишвар мехоҳанд ҳукумати интихобшудаи кишварро иваз кунанд.

Намояндагони артиш ҳукумати мулкиро бо таҳти идора даровардани сиёсати хориҷӣ ва амният заиф мекунанд. Додгоҳ кӯшиш карда буд эътибори ваколатҳои президент Зардориро маҳдуд кунад ва аз ҷумла парвандаи деринаи даст доштанаш дар фасод аз сар гирифта шуда буд.

Узви парлумони Покистон Афросиёб Хаттак ба радиои Озодӣ қаблан гуфта буд, ки руёруӣ дар натиҷаи адами идораи ҳукумат болои ниҳодҳои давлатӣ ба амал омадааст. Ӯ гуфт низомиён қобилияти баёни назари қатъи аз ҷониби ин ё он ниҳоди давлатиро доранд.

Мари Лол, мутахассиси Осиёи Ҷанубии донишгоҳи Лондон ва пажуҳишгоҳи Чатман Хауз ба радиёи Озодӣ гуфт, ҷамъи омилҳо табодули давлатиро “бисёр номақбул” мекунанд, магар ин, ки вазъ ба таври ҷидди тағйр наёбад ва низому қонун ба таври куллӣ аз идора набарояд:

“Дар айни ин замон, мо бояд дар ёд дошта бошем, ки артиш бисёр сахт пароканда аст. Артиш ҷангро дар ғарби кишвар мебарад, мушкилиҳои амниятӣ дар Кашмиру Шарқ вуҷуд дорад, артиш бояд барои муқобила бо обхезӣ корҳои зиёдеро анҷом диҳад ва ҳамаи ин болои артиш гузошта шудааст. Илова бар ин, сарварии артиш бар дӯши генерал Каёнӣ аст, ки ошкоро эълом намуда буд, ки ягон рағбати кашидани артишро ба сиёсат надорад.”

Мушарраф ҷойгоҳи мардумӣ надорад

Ин дар ҳолест, ки Парвиз Мушарраф, ки ҳоло дар Лондон ба сар мебарад таъйд намуд, ки ҳизби нав таъсис дода дар интихоботи соли 2013 иштирок мекунад.

Баъзе таҳлилгарон дар бораи шонси собиқ раҳбари низомии кишвар барои дубора касби маҳбубияти мардуми Покистон изҳори шубҳа мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ мухолифони нерӯманди сиёсӣ дорад.

Аммо хонум Лол бар ин назар аст, ки шонсҳои Мушарраф барои бозгашт ба сиёсат хубанд ва ҳизбаш дар Покистон ҷойгоҳи муносибе дорад.

Интизор меравад, ки Мушарраф дар бораи таҳкурсии сиёсии ҳизбаш имрӯз дар Лондон эълон кунад аммо худи ӯ нагуфт, ки кай ба Покистон бармегардад.
XS
SM
MD
LG