Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андерс фог Расмуссен ба Гурҷистон сафар кард


Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, шоми рӯзи панҷшанбе вориди Тифлис шуд. Қарор аст, ки ӯ имрӯз бо вазири умури хориҷии Гурҷистон Григол Вашадзе, низомиёни баландпояи вазорати дифоъ ва раиси парлумон Давид Бакрадзе музокирот анҷом диҳад. Баъдан ҷаноби Расмуссен бо сарвазир Николоз Гилаурӣ ва раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Дабири кулли НАТО ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи дафтари Паймон дар Гурҷистон ширкат меварзад.
Ба иттилоъи расмӣ, Андерс фог Рамсуссен ва мақомоти Гурҷистон зимни музокирот сари мавзӯъҳое тамаркуз хоҳанд кард, ки аз ин пеш дар комиссиюни Гурҷистон-НАТО баррасӣ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG