Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илюмжинов аз нав раиси FIDE интихоб шуд


Қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба шоҳмот Анатолий Карпов изҳор намуд, ки ширкаткунандагони Конгресси Федератсиони байнулмилалии шоҳмот (FIDE) ҳангоми интихоби раҳбари нав ба фишори шадид мувоҷеҳ шуданд. Ӯ гуфт, "он чӣ ки дар Конгресс дар ҷумҳурии Ханти-Мансийск рӯх дод, барои Русия ва барои шоҳмот шармандагист”.
Анатолий Карпов ва раҳбари феълии FIDE Кирсан Илюмжинов барои мақоми раиси ин Федератсион талош карданд. Номзадии Карпов аз сӯи ИМА ва Фаронса пешбарӣ шуда буд. Дар раъйдиҳӣ Илюмжинов пирӯз ва аз нав раиси FIDE интихоб шуд – аз ӯ намояндагони 95 кишвари узви Федератсион пуштибонӣ карданд. Анатолий Карпов ба дарёфти 55 раъй муваффақ шуд.
Раиси FIDE барои чаҳор сол интихоб мешавад.
XS
SM
MD
LG