Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари 15-солаи тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд


Алишер Аҳмадов, варзишгари 15-солаи тоҷик унвони қаҳрамони ҷаҳон дар кикбоксингро соҳиб шудааст. Ба иттилоъи хабаргузории "Азия Плюс", Алишер Аҳмадов дар мусобиқоти байналмилалӣ миёни ҷавонон дар шаҳри Белград, ки ҳафтаи гузашта хотима ёфт, тамоми рақибонаш дар вазни 44 килограмро шикаст додааст. Дар ин мусобиқот варзишгарони 56 кишвари ҷаҳон ширкат доштаанд. Алишер Аҳмадов, моҳи майи соли равон унвони қаҳрамони Осиёро низ аз они худ кард.
XS
SM
MD
LG