Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон


Ҳомид Карзай дар ҷамъи устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул
Ҳомид Карзай дар ҷамъи устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон иборат аз 70 нафар шахсияти бонуфузи ин кишвар, ба манзури анҷоми музокира бо “Толибон” ва ёфтани роҳи ҳалли низоъи Аф\онистон таъсис шудааст. Ин шӯро аз раҳбарони муҷоҳиддин, Бурҳониддини Раббонӣ, Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ ва пешвоёни қавмӣ иборат аст.

Ваҳид Умар, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон бо эълони номи ин ҳафтод нафар гуфт, ки ташкили ин ниҳод гоми муҳим дар рохи сулҳ ва оштии миллӣ дар кишвар аст.

Ба Шӯрои сулҳ пешвоёни муҷоҳидин, ки солҳои 1980-ум бар муқобили неруҳои шӯравӣ меҷангиданд, руасои ҷумҳури собиқи Афгонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва Сибғатулло Муҷаддадӣ, раҳбарони қабилаҳо, размандагони пешини Толибон ва ҷонибдорони Ҳизби Исломии Гулбиддини Ҳикматёр шомил шудаанд.

Шӯрои олии сулҳ бо машварати Анҷуман ё Ҷиргаи сулҳ таъсис шудааст, ки моҳи июни соли равон гирди ҳам омада буд. 1600 вакили ҷирга бо қабули қатъномае бо як овоз аз Кобул даъват намуданд, ки барои оштй бо мухолифини мусаллаҳ гомҳои мушаххас бардорад.

Ҳомид Карзай бори дигар ба Толибон муроҷиат намуда, аз онҳо хост, ки силоҳашонро ба замин гузоранд.

"Идомаи ҷанг ҳуввияти афғонҳоро аз байн мебарад"

Зимни суханрониаш дар назди донишҷуён ва устодони донишгоҳҳои Кобул, ки аз тариқи телевизион пахш гардид, раисиҷумҳури Афғонистон ҳушдор дод, ки агар ҷанг идома ёбад афғонҳо метавонанд ҳуввияти худро аз даст диҳанд.


Рузи сешанбе генерал Дэвид Петреус фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки чандин гурӯҳи хурди ошӯбгари Афғонистон ба неруҳои НАТО бо пешниҳоди халъи силоҳашон муроҷиат намуданд.

Аммо Забеуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” суханони Петреусро рад намуда гуфтааст, ки мо ихроҷи пурра ва бечуну чарои нерӯҳои хориҷии ишғолгарро аз кишварамон талаб мекунем.
XS
SM
MD
LG