Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро эълон карданд


Давлати Афғонистон имрӯз рӯйхати ҳудуди 70 узви Шӯрои олии сулҳро, ки ба манзури пешбурди музокирот бо Толибон таъсис ёфтааст, эълон кард. Ваҳид Умар, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, тамоми тамосҳои оянда байни давлат ва Толибон тавассути ҳамин Шӯро сурат хоҳад гирифт.
Ҳомиди Карзай имрӯз дар як нишасти бахшида ба Рӯзи байналмилалии савод дар Кобул дар хитоб ба Толибон бори дигар аз мухолифини мусаллаҳи давлаташ хост, ба раванди сулҳ бипайванданд.
Шӯрои олии сулҳ аз ҷумла раҳбарони ҷиҳодӣ, толибҳои собиқ, аъзои давлати собиқи коммунистӣ ва ҳам намояндагони занон ва гурӯҳҳои қавмӣ аз саросари Афғонистонро дар бар мегирад. Раисиҷумҳури собиқ Бурҳонуддин Раббонӣ ва фармондеҳони пешин Абдулраб Расули Сайёф ва Ҳоҷимуҳаммад Муҳаққиқ низ узви ин Шӯроянд.
XS
SM
MD
LG