Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии "Ирэн" то Ғаза расида натавонист


Киштиҳои низомии Исроил қаиқи боркаши фаъолони яҳудиро, ки мехостанд ҳалқаи муҳосираи навори Ғаззаро рахна кунанд, манъ карда, ин киштиро иҷборан ба самти бандари Ашдод дар ҷануби Исроил гардондаанд. Мақомҳои низомии Исроил ба киштии “Ирэн” пойин шудани нирӯҳоро таъйид карданд. Ин киштии ҳомили 7 узви фаъоли гурӯҳи “Яҳудиён барои адолат дар Фаластин” таҳти парчами Бритониё шино мекард. Исроил қаблан азми ин гурӯҳ барои расидан ба борикаи Ғазаро “иғво” унвон карда буд.
XS
SM
MD
LG