Генерал Ҷузеф Блотз, сухангӯи неруҳои байналмиллалии кӯмак, ки баъд аз чошти рӯзи якшанбе дар як нишасти хабарии муштарак дар Кобул бо сухангӯи вазорати дифои Афғонистон сӯҳбат мекард гуфт, ин бахш аз амалиёт, ки ҳамлаи «Аждаҳо» ном дорад ба манзури аз байн бурдани марокиз ва паноҳгоҳҳои Толибони мусаллаҳ дар вилояти Қандаҳор роҳандозӣ шудааст.
"Аждаҳо" ба Қандаҳор ҳамла меорад
Вай дар идома гуфт: «Ин яке аз амалиётҳои муҳим аст, ки ба ҳадафи аз байн бурдани теъдоде аз марокизи муҳими Толибон дар вулусволиҳои Панҷвои, Жери ва Андароб берун аз шаҳри Қандаҳор оғоз ёфтааст.Дар ҷараёни ин амалиёт аз қувваҳои ҳавоӣ ҳам истифода мешавад.»
Генерол Блотз илова кард, ки дар бархе аз вулусволиҳои вилояти Қандаҳор мушкилоти амнияти мавҷуд аст, аммо дар ҷараёни ин амалиёт, ки раҳбарии он дар дасти нерӯҳои афғон аст ба ин мушкилот поён дода хоҳад шуд ва фазои амн барои бошандагони ин вилоят фароҳам хоҳад гардид.
Аз сӯи дигар вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки амалиёт бар зидди мухолифони мусаллаҳ дар ҷануб ва шарқи кишвар сабаб шудаааст то мухолифон ба қисматҳои шимол ва ғарбӣ Афғонистон рахна кунанд.
Толибон низ шеваи ҷангии худро дигар кардаанд
Генерол Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, ки муттаваҷеҳ ин масъала ҳастанд ва талош мешавад то аз таҳаррукоти мухолифин дар ин манотиқ ҷилавгирӣ ба амал ояд.
Вай дар идома гуфт: «Душман талош кард то соҳаи ҷангро ба тарафи шимол ва ғарби Афғонистон тағйир диҳад, то ҳадде дар ин амр муваффақ ҳам будааст. Дар муқобил нерӯҳои амниятии афғон ва қувваҳои НАТО бо таваҷҷуҳ ба ин тағйири тактик ва ё тағйири ҷобаҷоиҳо тадобири худро гирифтаанд ва мо кӯшиш дорем, ки тамаркуз худро бештар болои самти шимол ва нуқоте, ки осебпазиранд, дошта бошем.»
Дар ҳамин ҳол сухангӯи намояндаи мулкии НАТО гуфт, ки дар иҷлоси НАТО, ки моҳи ноябр дар Лисаббон пойтахти Португалия баргузор мешавад, роҷеъ ба тақвияти нерӯҳои афғон ва супурдани масъулиятҳои амниятии Афғонистон ба ин нерӯҳо баҳсҳои густурда сурат хоҳад гирифт.
Дар ин нишаст дар мавриди эъзоми нерӯҳои бештар ба Афғонистон ва ё эъломи кӯмакҳои тозаи молӣ ба ин кишвар сурат намегирад, аммо кишварҳои узви НАТО тааҳҳудоти худро дар қиболи Афғонистон таҷдид хоҳанд кард.