Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, ҳадафи "ҷанги электронӣ" қарор ёфтааст


Бино бар иттилои хабаргузории расмии Эрон -- ИРНА ройона ё компютерҳои хусусии кормандони нахустин нерӯгоҳи ҳастаии Эрон дар Бушерро кирми компютерӣ ё вируси Стакснет сироят кардааст. Раиси барнома дар ин нерӯгоҳ, Маҳмуди Ҷаъфарӣ гуфт, низоми идораии нерӯгоҳ, ки бояд дар чанд ҳафтаи оянда рӯи шабака ояд, асар надидааст. Мақомоти Эрон мегӯянд, аз он ҷо ки зиёда аз 30 000 расонандаи интернет аз ин ангал осеб дидаанд, бар зидди Эрон "ҷанги электронӣ" оғоз ёфтааст. Вируси Стакснет тавре сохта шудааст, ки ба нуқоти заъфи шабакаҳои Сименс барои таъмини об, истихроҷи нафт, нерӯгоҳҳо ва ёрирасонҳои дигар зарба занад. Масъулияти бунёди ин ангалро касе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG