Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни мораторияи шаҳраксозӣ дар Фаластин


Мораторяи даҳмоҳаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламрави ишғолии каронаи Бохтарии рӯди Урдун аз сӯи Исроил, нимашаби диррӯз ба поён расид. Ҷонибҳо ва миёнаравони амрикоӣ талош доранд, аз қатъи музокироти сулҳ ҷилавгирӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил алорағми даъватҳои Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, гуфтааст мораторияи бунёди шаҳракҳо тамдид нахоҳад шуд.

Илова бар ин, дирӯз расми тантанавии гузоштани санги нахустин барои бунёди манзилҳои нав дар шаҳраки “Рева” баргузор шуд. Ин маросимро ҳизби ростгарои“Ликуд”-и нахуствазир доир намуд.

Маҳмуд Аббос, раиси Идораи худгардони Фаластин таҳдид кард, ки агар моратория тамдид нашавад, аз гуфтушунидҳои мустақими сулҳ бо Исроил хориҷ мешавад. Ин гуфтушунидҳо камтар аз як моҳ қабл бо ташаббуси Кохи Сафед аз сар гирифта шуда буд.

"Гуфтушунид бар ивази қатъӣ шаҳраксозӣ"

Зимни суханронӣ дар Маҷмаи Кулли СММ дар Ню Йорк, Маҳмуд Аббос иброз дошт, ки хостори дар тӯли як сол ба имзо расидани созишномаи сулҳ бо Исроил аст, аммо ӯ ҳушдор дод, ки гуфтушунид бо давлати яҳудӣ факат дар сурати катьи бунёди шаҳракхо идома хоҳад ёфт.

“Талаби мо барои қатъи бунёди шаҳракҳо, хотимаи муҳосира ва дигар намудҳои фаъолият ва сиёсатҳои ғайриқонунии исроилиҳо шартҳои нави раванди сулҳ нестанд, ки онҳоро мешавад муҳокима кард. Ин шартҳои тағийрнопазири иҷрои ӯҳдадориҳо ва сарсупордагиҳои қаблианд ва борҳо дар ҳамаи қатьномаҳо, аз оғози раванди сулҳ то имрӯз такрор мешаванд. Иҷрои ҳамаи ин ӯҳдадориҳо аз ҷониби Исроил, ба эҷоди фазои солим барои комёб шудани ин музокирот меоварад. Исроил бояд миёни сулҳ ва идомаи бунёди шаҳракҳо якеро интихоб кунад.”

Дирӯз ҳарду ҷониб барои нармтар кардани мавқеъашон талош намуданд. Маҳмуд Аббос ба рӯзномаи арабии “Ал-Ҳаёт” гуфт, ки агар Исроил мораторияи бунёди шаҳракҳоро тамдид накунад, фаластиниҳо ба якборагӣ аз музокироти сулҳ даст нахоҳанд кашид.

Эҳуд Барак, вазири дифоъи Исроил дар навбати худ ба хабаргузории Би Би Си эълом намуд, ки “шонси расидан ба тавофуқ бо фаластиниҳо дар робита ба идомаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин панҳоҳ ба панҷоҳ аст”.

Аббос ва Нетаняҳу дар дохили кишварҳояшон бо фишори шадид рӯбурӯ ҳастанд. Чумбиши “Ҳамос”, ки борикии Ғаззаро таҳти идораи худ дорад, Аббосро барои гуфтушунид бо Исроил мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Музокирагарони таҳти фишор

Дар Исроил аҳзоби ҷонибдори бунёди шаҳракҳо аз эътилофи ҳукумат, аз нахуствазир даъват мекунанд то бунёди манозилро идома диҳад.

Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфтаи Созмони дидбони ҳуқуқ бунёди шаҳракҳои Исроил мавсум ба “Сулҳ фавран”, дар каронаи бохтарӣ барои бунёди ҳазорҳо манзили нав омодагӣ мегиранд.

Кохи Сафед изҳори умедворӣ намуд, ки исроилиҳо ва фаластиниҳо дар робита ба мавзуъи ҳассоси бунёди шаҳракҳо ба тавоффуқ расида, музокироти сулҳро идома медиҳанд.

Дэвид Акселрод, яке аз мушовирони Барак Обама гуфт, ки ҷонибҳо атрофи расидан ба созиш ҳамроҳ бо Ҳилари Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, машваратхо анҷом дода истодаанд.
XS
SM
MD
LG