Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек аз чопи баргаҳои тақаллубӣ ҷилавгирӣ мекунад


Нашри баргаҳои раъйдиҳӣ барои интихоботи парлумонии Қирғизистон бо душворӣ идома дорад. Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, чопи баргаҳои интихоботи рӯзи 10 октябр ин ҳафта дар нашриёти “Учқун”-и Бишкек шурӯъ шуд. Узви Комиссиюни марказии интихоботии Қирғизистон Нурлан Шарифов мегӯяд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз нашри баргаҳои тақаллубӣ раванди чопи онҳо таҳти назорати кормандони Хадамоти амнияти миллӣ, полис ва Комиссиюни марказии интихоботӣ қарор дорад. Ӯ меафзояд, ки баргаҳои раъйдиҳӣ даҳ рӯз қабл аз интихобот паҳн карда хоҳанд шуд.
Қарор аст, ки то охири моҳ беш аз 2 миллиону 800 ҳазор баргаи раъдиҳӣ чоп шавад. Дар Қирғизистон 2 миллиону 726 ҳазор нафар ҳаққи раъдиҳӣ доранд ва аммо ҳазорон хонавода, ки бар асари даргириҳои қавмии моҳи июн вилоятҳои ҷанубии Ӯш ва Ҷалолободро кишварро тарк карда буданд, то ҳанӯз ба Қирғизистон барнагаштаанд.
XS
SM
MD
LG