Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико изҳороти Аҳмадинажодро "нафратангез" хонд


Дар пайи суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод дар Маҷмаъи умумии СММ, ки бо ибрози тардиди ӯ дар бораи омилони ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ҳамроҳ буд, ҳайати амрикоӣ ба нишонаи эътироз аз ҷаласа хориҷ шуд ва изҳороти раиси ҷумҳури Эронро «нафринангез" хонд.

Маҳмуд Аҳмадинажод рӯзи панҷшанбе дар 65-умин нишасти умумии СММ дар бораи авомили ҳамлакунанда дар рӯзи 11 сентябри соли 2001 ибрози тардид кард ва гуфт, се назар дар ин бора вуҷуд дорад.

Маҳмуд Аҳмадинажод гуфт, дар назари нахуст, "як гурӯҳи террористии бисёр қудратманд ва печида, ки аз ҳама монеъаҳои амниятӣ ва иттилоотӣ убур карда аст", омили ин ҳамлаҳо буда, ки ба гуфтаи вай "ин назар бештар аз ноҳияи давлатмардони Амрико таблиғ шуд".

Маҳмуд Аҳмадинажод сипас баён намуд, ки дар назари дуввум, ин ҳамлаҳо «тавассути бахшҳое аз давлати Амрико ва барои эҷоди тағйир дар раванди нузули иқтисоди Амрико ва тасаллути ӯ бар Ховари Миёна ва ҳамчунин наҷоти режими саҳюнистӣ анҷом шуда аст», ки ба гуфтаи ӯ «аксари мардуми Амрико ва миллатҳо ва сиёсатмадорони Эрон бар ин боваранд».

Замоне, ки Маҳмуд Аҳмадинажод ин суханонро ба забон ронд, ҳайати амрикоӣ бо ҳамроҳи чанд ҳайати ғарбӣ ба нишонаи эътироз толори суханрониро тарк карданд.

Маҳмуд Аҳмадинажод дар идома афзуд, назари саввум ин аст, ки ин ҳамлаҳо «тавассути як гурӯҳи террористӣ анҷом шуда аст, лекин давлати вақти Амрико аз он пуштибонӣ ва баҳрабардорӣ кардааст».

Раиси ҷумҳури Эрон, ки дар собиқ инкори Ҳолокостро низ дар корномаи худ дорад, ҳамчунин пешниҳод кард, СММ як «гурӯҳи ҳақиқатёби мустақил» барои баррасии ҳамлаҳои 11 сентябр таъин кунад.

Дар вокуниш ба ин изҳорот, ҳайати амрикоӣ ҳатто пеш аз ба поён расидани суханони Маҳмуд Аҳмадинажод, баёнияе дар маҳкумияти ин изҳорот мунташир кард.

Ҳайати амрикоӣ дар ин баёния гуфт: «Ба ҷои он, ки оқои Аҳмадинажод омол ва ҳусни нияти мардуми Эронро намояндагӣ кунад, вай бори дигар назарияҳои тавтиъабарангез ва тавҳинҳои яҳудиситезонаро баргузид, ки нафратангез ва воҳимаангез ва қобили пешбинӣ буд».

Суханронии Маҳмуд Аҳмадинажод имсол низ дар ҳоле анҷом шуд, ки садҳо тан аз мухолифони вай дар Ню-Йорк ба мухолифат ба вай даст ба эътироз заданд.

Ҳангоми суханронии Маҳмуд Аҳмадинажод шумори зиёде аз ҳайатҳо ғоиб буданд.
XS
SM
MD
LG