Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, дари гуфтушунид бо Эрон боз аст


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама имрӯз аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милал эълом дошт, ки дари гуфтушунид бо Эрон сари барномаи ҳастаии он боз аст, аммо ин муколама шарте дорад: "Иёлоти Муттаҳида ва ҷомеаи байнулмилалӣ дар пайи ҳалли ихтилоф бо Эронанд ва агар Эрон мехоҳад аз дари дипломатия дарояд, ин дар боз боқӣ мемонад. Аммо ҳукумати Эрон бояд садоқати ошкор ва боварбахши худро нишон диҳад ва ҳадафи осоиштаи барномаи ҳастаии худро ба ҷаҳониён исбот кунад." Обама ҳамчунин сарони ҷаҳонро ба ваҳдат дар атрофи раванди сулҳи Ховари Миёна даъват хоҳад кард. Вай аз онҳо хоҳиш хоҳад кард, ки ихтилофоти даҳсолаҳоро дар робита ба низоъ канор гузоранд ва аз сулҳе, ки дар байни исроилиҳо ва фаластиниҳо ба вуҷуд меояд, пуштибонӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG