Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Русия аз "авҷи миллатгароӣ" дар Қирғизистон


Сафорати Русия дар Бишкек бо пахши як изҳорот аз авҷи миллатгароӣ дар Қирғизистон ибрози нигаронӣ кардааст. Бино ба ин изҳорот ахиран бархе аз пешвоёни аҳзоби сиёсии Қирғизистон ба миллатгароӣ руҷӯъ кардаанд.

Дар изҳороти сафорат омадааст, ки таҳдиду фишори ошкорои баъзе пешвоёни аҳзоби сиёсиии қирғиз ба афроде, ки роҷеъ ба авзои Қирғизистон фикру ақидаи мухолиф доранд, вусъат ёфтааст.

Дар изҳорот зикр гардидааст, ки Қирғизистон дар мавриди таъмини ҳуқуқи башар ва ақалиятҳои миллӣ ба меъёрҳои асосии СММ, САҲА ва ИДМ пайвастааст ва бояд манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар, новобаста аз мансубияти қавмии онҳо, ҳимоят шавад.

Коршиносон мегӯянд, додани имтиёз ва ҳуқуқи хос ба як қавми алоҳида робитаҳои байниқавмиро дар Қирғизистон ба бумбаст рӯбарӯ хоҳад кард ва мавҷи муҳоҷирати ақалиятҳои миллиро ба маротиб хоҳад афзуд.

Ба таъкиди сафорати Русия мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтани коршиносони масоили сиёсӣ Александр Князев ва профессор Нур Умаров мавҷи ин таҳдидҳоро низ афзудааст.

Вале дар изҳороти сафортаи Русия дар Бишкек мушаххас зикр нашудааст, ки кадоме аз пешвоёни аҳзоби сиёсии Қирғизистон ба миллатгароӣ руҷӯъ кардаанд ва роҳи наҷот аз ин равандро сафорат дар чӣ мебинад.

"Ҳукумат бар саросари кишвар назорат надорад"

Нурбек Тухтаохунов, як ҳуқуқшиноси қирғиз, мегӯяд, ҳукумати вақти кишвараш салоҳияти назорати сартосарии қаламрави Қирғизистонро надорад.

Оқои Тухтаохунов дар ин замина ба радиои Озодӣ афзалияти гурӯҳҳои ҷиноиро нисбат ба ҳукумати Роза Отунбоева таъкид кард.

Ба гуфтаи Нурбек Тухтаохунов, воқеан иддае аз раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ватанпарастиро ба миллатгароӣ табдил кардаанд. Ин ҳуқуқшинос мегӯяд, доду фарёд ва даст ба сина заданҳои бархе аз ҳамватанони ӯ мояи ифтихор нест.

Дар ҳамин ҳол, Александр Князев ба радиои Озодӣ афзоиши ҳисси миллатгароиро яке аз масъалаҳои мубрам дар Қирғизистон арзёбӣ кард.

Мавсуф роҷеъ ба сабабҳои ин иллат гуфт, авҷи миллатгароӣ дар ҷомеаи Қирғизистон аз вазъи ногувори иқтисодиву иҷтимоӣ маншаъ гирифтааст.

"Пастии сатҳи иқтисод, иллати милатгароӣ"


Александр Князев мегӯяд, дар айни ҳол қирғизҳои ҷануб дар пастии сатҳи ҳаёти худ ӯзбектаборони ин минтақаро айдор карданд ва ин раванд метавонад мунтазам доман фарох кунад.

Ба гуфтаи оқои Князев ҳатто сарнавишти ӯзбекҳо имкон дорад, ки ба сари қавми дунган ё ақвоми дигари ин кишвар биёяд. Аммо Турсунбек Охун, Омбдусмени Қирғизистон, гуфт, ки миллатгароӣ кишварашро ба нестӣ мебарад.

Ба гуфтаи Турсунбек Охун, қирғизҳо набояд ба хотири ҳимояти манфиатҳои худ манфиати қавмҳвои дигарро зери по кунанд.

Ба таъкиди Омбдусмени қирғиз вай ба президент Роза Отунбоева низ пешниҳод кардааст, ки нақзи ҳуқуқи қавмҳои ғайриқирғиз ба манфиати кор нест.

Турсунбек Охун гуфт, ҳар як шаҳрванди Қирғизистон барои баҳра бурдан аз нишоти зиндагӣ ҳақ дорад ва таъмини зиндагии орому осудаи онҳо бар дӯши ҳукумат вогузорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG