Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши шадиди қирғизҳо ба суханони Ислом Каримов


Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, зимни суханронӣ дар нишасти СММ, хостори таҳқиқи ҳодисаҳои хунбори моҳи июни соли равон дар ҷануби Қирғизистон аз тарафи коршиносони байналмилалӣ шудааст.

Ба гуфтаи Ислом Каримов, таҳқиқи ҳодисаҳои 11 то 14-уми июн дар Қирғизистон аз тарафи коршиносони байналмилалӣ барои он зарурӣ аст, ки то фармоишгарон, муассисон ва иҷрокунандагони қатлу куштори золимона ба додгоҳ кашида шаванд.

Каримов хостори таҳқиқи байналмиллалии масъала

Ба таъкиди оқои Каримов, агар ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқи коршиносони байналмилалӣ қарор нагирад ва яктарафаву муғризона анҷом дода шавад, такрори ҳодисаҳои фоҷиабор ва табдили он ба маншаи асосии ташаннуҷи авзоъ дар ҷануби Қирғизистон аз эҳтимол дур нест.

Ин тақозои президенти Узбакистон дар Қирғизистон сару садоҳои мухталиферо ба бор овард.

Аз ҷумла Марат Имонқулов, дабири шӯрои амнияти Қирғизистон, ба радиои Озодӣ гуфт кишвараш тарафдори таҳқиқи байналмилалии ҳодисаҳои моҳи июн аст ва дар ин маврид президенти кишвар Роза Отунбоева низ баъди баррасии мавзӯъ ризоияти худро баён кардааст.

Дабири шӯрои амнияти Қирғизистон мегӯяд, тарафи дигари масъала аз он иборат аст, ки коршиносони байналмилалӣ вақти вуруди худ ба Қирғизистонро бояд дақиқ кунанд.

Қирғизҳо мухолифи таҳқиқи байналмиллалӣ мебошанд

Аммо Турсунбек Охун, Омбдусмени Қирғизистон, мухолифи таҳқиқи байналмилалии ҳодисаҳои моҳи июн дар кишвараш мебошад.

Ба гуфтаи Турсунбек Охун, ӯзбактаборони Қирғизистон ба президенти Узбакистон Ислом Каримов иттилоҳои бепояву асос ва бардурӯғ расондаанд ва дар ҳаққи қирғизҳо бадгӯӣ кардаанд.

Омбдусмен таъкид намуд, ки низоъи байни ду қавми Қирғизистон кори дохилии ин кишвар аст ва бо ин вуҷуд, дар кушодани гиреҳи ин муаммо коршиносони байналмилалӣ ҳатман ширкат хоҳанд кард.

Турсунбек Охун гуфт, баъди вуқӯъи ҳодисаҳо дар Андиҷони Узбакистон, ки даҳҳо кушта бар ҷой гузоштааст, Қирғизистон тарафдори таҳқиқи байналмилалии ин қазия буд.

Узбакистон мавқеъи худро тағйир додааст

Бектемир Мирзоиброҳимов, яке аз арбобони ҷамъиятии қирғиз, изҳор кард, ки Узбакистон баъди вуқуъи ҳодисаҳои моҳи июн аз мавқеи устувор кор гирифта буд.

Ба гуфтаи Бектемир Мирзоиброҳимов дар айни ҳол Узбакистон мавқеи худро андаке тағйир додааст.

Ин арбоби ҷамъиятӣ мегӯяд, кормандони ниҳодҳои қудратии кишвараш ба таҳқиқи ҳодисаҳои Ӯшу Ҷалолобод машғуланд ва аллакай мурофиаҳои додгоҳӣ низ ба кори худ шурӯъ намудааст.

Ба таъкиди Бектемир Мирзоиброҳимов, ҷои шубҳа нест, ки ҳар як қавм аз қавми худ дар минтақаи дигари дунё пуштибонӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи ин манбаъ, эҳтимол президент Каримов бо дарназардошти он, ки узбактаборони зиёд низ дар ин даргириҳо кушта шуданд, тақозои таҳқиқи байналмилалии қазияро дар миён гузоштааст.

Қирғизистон воқеъаҳоро худ таҳқиқ мекунад

Вале Клара Ҳоҷибекова, пешвои Ҳизби коммунисти Қирғизистон, гуфтааст, ки кормандони умури интизомии кишвараш ҳодисаҳои моҳи июнро сатҳӣ ба таҳқиқ намудаанд.

Ба гуфтаи хонум Ҳоҷибекова, ҳанӯз сабабҳои ин ҳодисаҳо, ки садҳо қурбонӣ дар пай дорад, муайян карда нашудааст ва он кори дасти кадом нерӯҳо мебошад.

Клара Ҳоҷибекова дар пай, ҳукумати Роза Отунбоеваро низ интиқод кардааст, ки дар муқобили изҳороти Қодирҷон Ботиров, яке аз пешвоёни узбактаборони ҷануби кишвараш, ягон вокуниш нишон надод.

Вай тазаккур додааст, ки ин хомӯшиҳои ҳукумати Отунбоева, беназмиҳои дигареро дар минтақаи ҷануби Қирғизистон эҷод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG