Пулиси Покистон мегӯянд, дар сарзаминҳои қабиланишини шимолуғарби ин кишвар дастикам 30 ҷангӣ кушта шуданд. Лаёғқат Алихон, раҳбари пулиси Пешовар гуфт, аз шаби шанбе ба ин сӯ дар 3 шаҳри Паспанво, Ҳасанхел ва Бора дастикам 30 ҷангӣ ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин даргириҳо 3 пулис кушта ва 5 сарбози дигар захмӣ шудаанд.
Дар ин манотиқ амалиёти муштараки пулису артиш ва шибҳанизомиён алайҳи ҷангиёне, ки ба даст доштан дар ҳамла ба аъзои кумитаи маҳаллии сулҳ ва гаравгонгирӣ айбдор мешаванд, идома дорад.
Дар ин манотиқ амалиёти муштараки пулису артиш ва шибҳанизомиён алайҳи ҷангиёне, ки ба даст доштан дар ҳамла ба аъзои кумитаи маҳаллии сулҳ ва гаравгонгирӣ айбдор мешаванд, идома дорад.